Ду мақоми расмии Қирғизистонро бо иттиҳоми даст доштан дар қочоқи маводи сӯхт ба Тоҷикистон боздошт кардаанд. Ба гузориши бахши қирғизии Радиои Озодӣ, Улан Бобоев, аз раёсати пулиси молӣ ва Нуродил Токтосунов аз раёсати гумрук аввали ҳамин ҳафта боздошт шуданд. Ба гуфтаи мақомоти интизомӣ, ин ду нафар бо сӯистифода аз салоҳиятҳои худ, барои содироти бензин ба Тоҷикистон санадҳои тақаллубӣ омода мекардаанд.