Пайвандҳои дастрасӣ

Чирикиҳо истирдоди пайвандони Қаззофиро мехоҳанд


Ҳамсари Қаззофӣ - Сафия, духтараш Оиша ва писари ӯ Муҳаммад
Ҳамсари ва 3 фарзанди Муаммар Қаззофӣ ба Алҷазоир паноҳ бурдаанд. Вазорати хориҷаи Алҷазоир гуфт, онҳо рӯзи 29 август аз Либия омаданд. Маҳмуд Шаммом, вазири иттилоъот ва сухангӯи Шӯрои миллии гузор гуфт: “Ин як амали душманона алайҳи мардуми Либия ва алайҳи хостҳои ин мардум аст. Мо барои истирдод ва ба додгоҳ кашонидани онҳо аз тамоми тадобири қонунӣ истифода хоҳем бурд.”
Бо ин ҳол, чирикиҳо мегӯянд, Хамис, писари дигари Қаззофӣ ҳанӯз рӯзи 27 август дар як даргирӣ дар наздикии Троблус кушта шудааст. Куҷо будани худи Қаззофӣ то ҳол маълум нест. Чирикиҳо ба ҳар касе ки ӯро бикушад ё бисупорад, ваъдаи афв ва 1,3 миллион доллар ҷоиза додаанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG