Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

28 қурбонии таркиши масҷиди сунниён дар Бағдод


Бар асари таркиши маргталабонае дар яке аз бузургтарин масҷидҳои сунниёни Ироқ дар Бағдод дасти кам 28 нафар, аз ҷумла як узви парлумон ба ҳалокат расида, даҳҳо нафар маҷрӯҳ шуданд. Ҳанӯз ҳеҷ нафар ё гурӯҳе масъулияти таркиши рӯзи якшанберо ба ӯҳда нагирифтааст. Ин яке аз пурхушунаттарин таркишҳои моҳи август ба ҳисоб меравад. Рӯзи 15 август бар асари силсилаи таркишҳо дар саросари Ироқ дасти кам 70 нафар кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG