Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафорати Амрико мегӯяд, ба даъвои таҳдид расидагӣ шавад


Кеннет Гросс
Кеннет Гросс
Сафорати Амрико дар Тоҷикистон аз таҳдиди Валихон Муллоев ба ду вакили мудофеъ изҳори нигаронӣ кард. Сафорат дар изҳороти худ менависад: "Амали мазкур дар сурати ҳақиқат доштанаш дар толори додгоҳ таҳаммулнопазир аст. Ин ҳодиса бояд таҳқиқ шавад. Мо изҳороти Вазорати умури дохила роҷеъ ба ифтитоҳи таҳқиқи дохилиро ҳамчун як қадами мусбат арзёбӣ мекунем. Бояд ин гуна таҳдидҳоро ҷиддӣ қабул карда, ҳамаҷониба таҳқиқ кунанд ва вобаста ба натоиҷи таҳқиқот чораҳои лозим биандешанд." Шӯҳрат Қудратов ва Абдураҳмон Шарифов, ду вакили мудофеи нашрияи "Азия-Плюс", 17-уми август эълон карданд, ки дар толори додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Валихон Муллоев-афсари Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи ВКД онҳоро ба марг таҳдид кардааст. Ҳарду вакили мудофеъ мегӯянд, Валихон Муллоев таҳдиди худро чанд бор такрор кардааст ва шоҳидон ҳам ин ҳарфҳоро шунидаанд. Пас аз ин, Шӯҳрат Қудратов ва Абдураҳмон Шарифов ба Додситонии кулли Тоҷикистон муроҷиат карда ва дархост намуданд, ки таҳдиди Валихон Муллоевро ҷиддӣ бигирад. Ин дар ҳолест, ки пас аз матраҳ шудани ин мавзӯъ дар матбуот Муллоев раҳбари Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи ВКД дар вилояти Хатлон таъйин шуд ва дар он ҷо ба кор шурӯъ кардааст.
XS
SM
MD
LG