Силсилаи бомбгузориҳо дар саросари Ироқ дастикам 14 кушта ба ҷо гузошт. 4 нафар бар асари ҳамлаи маргталабона дар назди як масҷиди шиъаҳо дар Басра ҷон бохтанд. Дирӯз дар Фаллуҷаву Карма ва Бағдод низ чанд бомбгузорӣ сурат гирифт. Ассошиэйтед Пресс мегӯяд, 8 тан аз кушташудагон афсарони пулис ва сарбозон буданд. Мавҷи нави хушунатҳо дар Ироқ дар ҳолест, ки тибқи қарордод, нирӯҳои Амрико бояд то поёни соли равон аз ин кишвар хориҷ шаванд.