Додгоҳи Озарбойҷон шаш нафар аз фаъолони сиёсии мухолифони давлатро барои ширкат дар тазоҳуроти эътирозии чаҳор моҳи пеш ба зиндон маҳкум кард. Додгоҳ онҳоро ба “халалдор кардани тартибот ва муқовимату истифодаи нерӯ алайҳи мақоми давлатӣ” гунаҳкор донист ва онҳоро аз якуним то ба 3 се соли зиндон маҳкум кард. Дар тазоҳуроти зиддидавлатии рӯзи 2 апрел дар шаҳри Боку даҳҳо нафар боздошт шуда буданд ва муҳокимаи 8 тазоҳургари дигар идома дорад. Ба гузориши бахши озарии Радиои Озодӣ, зимни муҳокимаи имрӯза низ 200 нафар аз тарафдорони мухолифин дар назди додгоҳ ҷамъ омада ва алайҳи раиси ҷумҳур Илҳом Алиев шиор доданд.