ИА алайҳи як воҳиди вижаи Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон таҳримот ҷорӣ кард. ИА гуфт, Сипоҳи Қудс раҳбари Сурия Башор Асадро дар роҳи саркӯбии эътирозҳои зидди режимаш бо таҷҳизоту васоили дигари саркӯбӣ таъмин мекунад. Таҳримоти ИА ҳамчунин чандин генерали Сурия ва мушовирони наздики бародари хурдии Башор Асадро, ки бовар меравад, ба саркӯбии эътирозҳо фармондеҳӣ мекард, фаро мегирад. Рӯйхати сиёҳи ИА дар қиболи Сурия акнун ҳомили исми 50 нафар ва 9 таъсисот шудааст. Амрико низ алайҳи Сурия таҳримот ҷорӣ кардааст. Ба ҳисоби ҳомиён, тайи 5 моҳи саркӯбии эътирозҳо дар Сурия беш аз 2000 тан кушта шуданд.