Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вакилон тасмими комиссиюни интихоботиро напазируфтанд


Тақрибан сад узви парлумони Афғонистон алайҳи тасмими Комиссиюни мустақили интихоботӣ барои лағви мандати нӯҳ вакил райъ доданд.

Комиссиюн рӯзи якшанбе пирӯзии ин вакилон дар интихоботи парлумонии моҳи сентябри соли гузаштаро бекор карда буд.

Як ниҳоди дигаре, ки бо ибтикори раисиҷумҳур Ҳомид Карзай барои тафтиши қонуншиканиҳо дар ин маъракаи интихоботӣ таъсис шуда буд, хостори лағви мандати 62 вакили парлумон шуда буд.

Бархе вакилонм парлумон Карзайро дар он айбдор мекунанд, ки мехоҳад парлумонро аз мунаққидонаш поксозӣ кунад.
XS
SM
MD
LG