Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон Русияро барои саркашӣ аз фурӯши С-300 ба додгоҳ мекашад


Эрон аз болои Русия барои сарпечияш аз фурӯши таҷҳизоти зидди ҳамлаи ҳавоии С-300 маъруф ба “Искандар” ба Додгоҳи байнулмилалӣ шикоят бурд.

Дар ин бора сафири Эрон дар Русия Маҳмудризо Саҷҷодӣ дар сӯҳбат бо хабарнигорон дар Маскав иттилоъ дод. Мақомоти Русия сарпечии худро бо қатъномаи Шӯрои амнияти СММ марбут карда буданд ва аммо ба иддаои Теҳрон, таҷҳизоти зидди ҳамлаи ҳавоии С-300 ба феҳристи силоҳи тибқи қатънома фурӯшаш ба Эрон мамнӯъ шомил нест.

Ба гуфтаи Маҳмуд Саҷҷодӣ, тасмими додгоҳи байнулмилалӣ ба Русия имкон медиҳад, ки таҷҳизоти зидди ҳамлаи ҳавоии “Искандар”-ро дар чаҳорчӯби созиши ҳосилшуда ва бидуни мушкил дар ихтиёри Эрон гузорад.

Дипломати эронӣ афзуд, ки Теҳрон, дар сурати ризояти Маскав, барои дастрас кардани ин таҷҳизот аз тариқи Венесуэла ҳам омода аст.
XS
SM
MD
LG