Ба назар мерасад, ки раҳбари Либия Муаммар Қаззофӣ аз пойгоҳаш дар пойтахти кишвар маҳрум шуда бошад ҳам, нокомиро эътироф накардааст.
Шаби сешанбе ошӯбгарон пойгоҳи Бобалазизияи Қаззофиро таҳти тасарруфи худ қарор доданд. Аммо ӯ аз пайравонаш талаб кард, ки то ба истилоҳ “маҳв намудани хоинону каламушҳо” набардро идома диҳанд.
Сабти садои Қаззофиро яке аз телевизионҳои маҳаллии Либия пахш намуд, ки дар он ӯ аз ҷумла мегӯяд: "Ҳамаи қабилаҳо дар Троблус, ҷавонон, мардуми солхӯрда, занону мардон ва кумитаҳои мусаллаҳ бояд болои Троблус ҳамла кунанд, саф ороянд ва хоинону каламушҳоро маҳв кунанд. Ошӯбгарон шуморо кушта, ба ҷасадҳоятон беҳурматӣ хоҳанд кард."
Дар ин паём Қаззофӣ мегӯяд, ӯ рӯзи сешанбеи 23-юми август пинҳонӣ дар кӯчаҳои Троблус сайр намуда, ҷавонони зиёдеро мушоҳида кардааст, ки ба ҳимояи шаҳри худ омода будаанд.
Хабарнигорони ғарбӣ мегӯянд, шоми сешанбе пойгоҳи Қаззофӣ аз тарафи ошӯбгарон ишғол шуд. Онҳо қисме аз ин муҷтамаъ ва хаймаҳои гирду атрофи онро ба коми оташ кашиданду моли зиёдеро ба яғмо бурданд.
Вале ба қавли хабарнигорон ҳанӯз ҳам ҷойҳое ҳастанд, ки Қаззофӣ метавонад аз он ҳамчун паноҳгоҳ истифода барад. Баъзе мансабдорони собиқи режими Қаззофӣ мегӯянд, пойгоҳи Бобалазизия бо роҳҳои зеризаминӣ ба гӯшаҳои мухталифи Троблус пайваст мебошад.
Ҷои ёдоварист, ки то ҳанӯз ду шаҳри стратегии Либия: Сирт ва Сабҳо зери назорати тарафдорони Қаззофӣ мебошанд. Сирти соҳили баҳри Миёназамин зодгоҳи Қаззофӣ ва Сабҳо шаҳри дар биёбониест, ки дар 650-километрии ҷануби Троблус қарор дорад. Шореҳон мегӯянд, назорати Сабҳо имкони хуби фирор ба кишварҳои ҳамсояро фароҳам меорад.
Шоми сешанбе раҳбари ҳукумати милли давраи гузариш Мустафо Абдулҷалил гуфт, ки дар канораҳои Сабҳо бархӯрдҳои пайравони Қаззофӣ бо сокинони ин шаҳр ҷараён доранд: "Мо ҷанубро фаромӯш намекунем. Мо имшаб дар васати ин пирӯзӣ қарор дорем. Бригадаҳои табаҳкори Қаззофӣ шаҳри Сабҳоро оташборон мекунанд. Намехоҳам, ҳамаи бародарону хоҳарони мо, ки дар шаҳрҳои дигар озод шудаанд, сокинони шаҳри Сабҳо ва дигар минтақаҳои ҷануби кишварро аз ёд бароранд. Онҳо ба кӯмаки мо ниёз доранд."
Собиқ афсари нерӯҳои ҳавоии Либия Аҳмад Банӣ, ки ҳоло ба ҳайси сухангӯи ҷунбиши мухолифин ифои вазифа мекунад, иброз дошт, ки эҳтимол Қаззофӣ ҳоло дар Сабҳо бошад.
Баъзе мансабдорони собиқи режими Қаззофӣ мегӯянд, пойгоҳи Бобалазизия бо роҳҳои зеризаминӣ ба гӯшаҳои мухталифи Троблус пайваст мебошад...