Ҳайъатҳои Амрико ва кишварҳои Аврупо тарҳи қатъномаи Шӯрои амниятро омода кардаанд, ки ба эъмоли таҳримоти СММ алайҳи раҳбари Сурия Башор Асад, идораи истихбороти он кишвар ва 22 мақоми дигари Димишқ даъват мекунад. Онҳо умедворанд, ки ин тарҳ ба зудӣ дар маърази раъйгирии 15 узви ин Шӯро гузошта шавад. Ин таҳримот посухи Ғарб ба саркӯбии бераҳмонаи эътирозҳои демократӣ аз сӯи Димишқ аст, ки ба ҳисоби СММ, тайи 5 моҳ мунҷар ба ҳалокати 2200 тан аз мардуми мулкӣ шудааст.