Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

18 сол ҳукми муҳофизи собиқи Тӯраҷонзода


Додгоҳи олии Тоҷикистон Боймурод Хоҷаев, аз размандагони собиқи мухолифин дар ноҳияи Ваҳдатро бо ҷурми даст доштан дар ҷиноёти сангин, аз ҷумла куштор дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба 18 соли зиндон маҳкум кардааст. Хабаргузории Интерфакс ин хабарро аз қавли мақомоти амниятии вилояти Челябински Русия нашр кард. Хоҷаев, ки бо асноди ҷаълӣ дар Челябинск ба сар мебурд, ҳанӯз моҳи апрели соли гузашта боздошт шуд ва ӯро дар авоили соли ҷорӣ ба мақомоти Тоҷикистон супурданд. Мақомоти амниятии Челябинск гуфтаанд, ки Боймурод Хоҷаев дар солҳои ҷанг узви гурӯҳи Қорӣ-Восит Латифов ва як муддат муҳофизи Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода, аз раҳбарони собиқи Иттиҳоди мухолифини тоҷик будааст.
XS
SM
MD
LG