Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатли яке аз додситонҳои вилояти Ҳилманди Афғонистон


Мақомоти Афғонистон мегӯянд, ду марди мотосиклсавор додситони маҳаллиро дар вилояти ноороми Ҳилманд ҳадафи тир қарор дода, ба ҳалокат расонданд. Ҳукумати маҳаллӣ адр изҳороте гуфтааст, марде ки вазифаи додситони ноҳияи ҷанубии Гиришкро ба ҷо меовард, дар ҳоле кушта шуд, ки аз дафтари кораш берун меомад. Ҳамлаварон, бино бар хабарҳо, маҳалли воқеаро тарк кардаанд. Касе масъулияти ин ҳамларо бар дӯш нагирифтааст.
XS
SM
MD
LG