Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Oxus Gold” ба бознигарии ҳукми Саид Ашӯров даъват кард


Ширкати бритониёии истихроҷи тилои “Oxus Gold” маъракаеро барои озод кардани корманди худ, шаҳрванди Тоҷикистон Саид Ашӯров роҳандозӣ кард, ки дар Узбакистон бо иттиҳоми ҷосусӣ ба 12 соли зиндон маҳкум шудааст. Мақомоти Узбакистон дар авҷи баҳси марбут ба сармояҳои ширкат муҳандиси 44-солаи онро ба интиқоли асрори давлатии Узбакистон ба Тоҷикистони муттаҳам карданд. Аммо сарони ширкати истихроҷи тило мегӯянд, Саид Ашӯров ба ҳеҷ гуна асрори давлатӣ ё тиҷоратӣ дастрасӣ надошт. Ширкати “Oxus Gold” дар бораи ин қазия як торнамои вижаи интернетӣ таъсис дод ва аз мақомоти Узбакистон даъват кардааст, парванда ва ҳукми Ашӯровро бознигарӣ кунанд. Ин ширкат ҳамчунин аз корбарони интернет хостааст, ба зери талаби озодии Ашӯров имзо гузоранд.
XS
SM
MD
LG