Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як маргталаб се нафарро дар Кобул кушт


Дар ҳамлаҳои интиҳорӣ дар шаҳри Кобул, пойтахти Афғонистон имрӯз дасти кам се нафар кушта шуданд. Ҳадафи ҳамлаҳо дафтари Шӯрои фарҳангии Бритониё дар Кобул будааст ва дар он ду маъмури пулис ва як ғайринизомии афғон ҷон додаанд. Толибон масъулияти ҳамларо бар дӯш гирифта ва гуфтанд ҷангҷӯёни ин гурӯҳ ҳамчунин қароргоҳи Созмони Милал дар наздикии Шӯрои фарҳангии Бритониёнро ҳадаф гирифтанд. Намояндагии Созмони Милал ин иддаъоро рад кард. Имрӯз ҷумъа 92-умин солгарди истиқлоли Афғонистон аз Бритониё аст.
XS
SM
MD
LG