Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Юшенко дар муҳокимаи Тимошенко шоҳидӣ медиҳад


Ду нафар як замоне муттаҳидони наздик буданд...
Ду нафар як замоне муттаҳидони наздик буданд...
Виктор Юшченко, раиси ҷумҳури собиқи Укроин, имрӯз барои шоҳидӣ дар муҳокимаи Юлия Тимошенко, нахуствазири собиқ ба додгоҳи шаҳри Киев ҳозир шуд. Хонум Тимошенкоро ба сӯистифода аз мақом ва имзои созишномаи зиёновари содироти газ бо Русия дар соли 2009 муттаҳам мекунанд. Дар сурати собит шудани ин иддаъо, ӯро то 10 соли зиндон интизор аст. Юлия Тимошенко, тамоми иттиҳомотро рад кардааст ва мегӯяд, муҳокимааш як навъи ниқори сиёсии раиси ҷумҳури феълӣ Виктор Янукович аст, ки ба хонум Тимошенко дар интихоботи раёсати ҷумҳури соли 2010 пирӯз шуд. Юлия Тимошенко, дар интихоботи норанҷии Укроин, аз муттаҳидони аслии Виктор Юшченко буд ва дар ду аҳди раёсати ҷумҳури ӯ ҳам мақоми нахуствазирро дошт. Вале ду тараф баъди кашмкашҳои сиёсӣ аз ҳам буриданд.
XS
SM
MD
LG