Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ташкили гурӯҳи вижаи тарҷумонҳо дар вазорати фарҳанг


Дар Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ба манзури тарҷумаи беҳтарин асарҳои адибони тоҷик ба забонҳои хориҷӣ гурӯҳи вижае ташкил шудааст. Қарор аст, ин гурӯҳ, ки шомили нависандагону тарҷумонҳо ва мутахассисони варзидаи насру назм ҳастанд, асарҳои шоёнро интихоб ва барои тарҷума ба забонҳои дигар пешниҳод кунад. Равшани Ёрмуҳаммад-мудири шӯъбаи нақди адабӣ ва равобити байналмилалии Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон иттиҳодияи нависандагон ба сабаби набуди маблағ наметавонад ҳақи қаламаи тарҷумонҳо ва нашри китобҳоро бар ӯҳда бигирад. Тарҷумонҳо бояд дар ин бора бо нашрияҳо қарордод имзо кунанд.
XS
SM
MD
LG