Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

БҶ хулосаҳои худро роҷеъ ба сохтмони ниругоҳи Роғун нашр кард


Бонки Ҷаҳонӣ ва гурӯҳи мустақили коршиносони байналмиллалӣ омӯзиши худро дар бораи имкони идомаи тарҳи сохтмони ниругоҳи барқи обии Роғун дар Тоҷикистон ба поён расонд. Боздиди коршиносон аз сохтмони ниругоҳи мазкур, аз ниругоҳи Норак ва аз ҳавзаи рудхонаи Вахш даҳ рӯз давом кард. Мото Канише-раиси минтақавии Бонки Марказӣ дар умури Осиёи Марказӣ дар бораи натиҷаҳои кори кумиссиюн гуфт:

“Дар ҳамин авохир марҳалаи аввали омӯзиш ба поён расид. Ман бояд рӯшанӣ андозам, ки чунин хулосаҳоро коршиносони байналмиллалӣ ва гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ баррасӣ карданд ва мо бо ин пешниҳодҳо мувофиқ ҳастем”.

Чун Тоҷикистон ҳар сол ба камбуди нируи барқ рӯ ба рӯ мешавад, Бонки Ҷаҳонӣ гуфтааст, ки роҳҳои алтернативии таъмини барқ дар Тоҷикистонро ҷустуҷӯ хоҳад кард ва сармоягузорӣ дар ин бахш беҳтар хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG