Марат Карайилон-раҳбари шумораи дуи Ҳизби Коргарии Курдистон ё Пи Кей Кей боздошт шудааст. Бино ба гузоришҳо, Сипоҳи Посдорони Инқилоби Эрон вайро боздошт кардааст. Карайилон баъд аз Абдулло Уҷалон дуввумин раҳбари ҳизби курдҳои Туркия ба шумор меравад. Ҳоло Абдулло Уҷалон дар зиндони Туркия аст ва ба ҳабси абад маҳкум шудааст. Дар бораи ҷузъиёти ин боздошт маълумоти бештар дода нашудааст. Бино ба гуфтаҳо, Карайилон пойгоҳи худро солҳои ахир дар минтақаи кӯҳистонии Қандили Эрон мустақар карда буд ва аз он ҷо гаҳ-гоҳе ба қаламрави Туркия ҳамла мебурд.