Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ҳамла ба сокинони Сурия 32 нафар кушта шудаанд


Як гурӯҳи ҳуқуқи башар дар Сурия мегӯяд, рӯзи якшанбе нируҳои ҳукматии ин кишвар дар ҷараёни саркӯбии тазоҳуроти эътирозии зидди режими Башор Асад-раиси ҷумҳур 32 нафар шаҳрвандонро куштаанд. Шӯрои Ҳамоҳангии инқилоби Сурия мегӯяд, аксари ин афрод дар шаҳри соҳилии Латакия кушта шудаанд. Ба гуфтаи шоҳидон, аз моҳи март ба ин сӯ, яъне аз замони оғози нооромиҳо дар Сурия ин маргбортарин рӯз барои сокинони Латакия будааст. Девид Камерон-нахуствазири Британия ва Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико бори дигар даъват кардаанд, ки хунрезиҳо боздошта шавад.
XS
SM
MD
LG