Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тамоюли ғайриоддӣ дар донишгоҳҳои Тоҷикистон


Мақомоти расмии Тоҷикистон мегӯянд, хоҳишмандони таҳсил дар донишгоҳҳо кам шудааст, ки метавонад, боиси мушкилот дар кори муассисаҳои таҳсилотӣ олӣ дар кишвар шавад. Хабаргузории “Азия Плюс” аз қавли Сафарбой Самадов, яке аз намояндагони вазорати маориф навиштааст, довталабони таҳсил дар шӯъбаҳои қарордодии донишгоҳҳо, аз ҷумла, Донишгоҳи соҳибкорӣ ва хидмат дар Душанбе, Донишгоҳи давлатии энергетика дар Қӯрғонтеппа ва чанде аз донишгоҳҳои Кӯлобу Хуҷанду Рашт, ба қадри кофӣ нест. Баъзе аз ин муассисаҳо аз вазорати маориф хостаанд, замони қабули ариза барои таҳсил дар донишгоҳҳоро бори дигар аз 10 то ба 15 август тамдид кунад. Коре, ки пештар натиҷаи дилхоҳ надодааст.
XS
SM
MD
LG