Кохи Сафед мегӯяд, Раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, Барак Обама ва сарвазири Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон ҳамназаранд, ки Сурия ба як тағйири демократӣ ниёз дорад. Онҳо ин тағйирро «гузори демократӣ» унвон карданд. Ду раҳбар дар ҳоле бо ҳам сӯҳбати телефонӣ доштанд, ки бино ба хабарҳо нерӯҳои раисиҷумҳури Сурия, Башор Асад дар ҳамлаи навбатӣ ба шаҳри Ҳумс 12 шаҳрвандро ба ҳалокат расондаанд. Бино бар хабарҳо, ҳукумати Обама ин масъаларо баррасӣ дорад, ки мустақиман даъвати Асадро ба истеъфо дар миён гузорад. Вазири умури хориҷии Амрико, Ҳилларӣ Клинтон гуфт, Иёлоти Муттаҳида мехоҳад, кишварҳои дигар низ ба даъвати истеъфои Асад ҳамсадо шаванд. Бино ба иттилое, ки дар Шӯрои амнияти Созмони Милал нашр шудааст, дар нооромиҳои Сурия аз моҳи март ба ин сӯ наздик ба 2000 кушта ва қариб 13000 нафар аз тарафи нерӯҳои давлат боздошт шудаанд.