Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси ошӯбҳои Бритониё дар порлумони ин кишвар


Дейвид Кемерон, нахуствазири Бритониё, имрӯз ба порлумон гуфт, ҳукуматаш “ба таври муассир” ба бадтарин ошӯбҳои солҳои охир дар Бритониё бархӯрд мекунад. Дейвид Кемерон дар нишасти изтирории порлумон, аз шеваҳои хотима додан ба ғоратгариву, ошӯбҳо ва бебандубориҳои чаҳор рӯзи гузашта сухан гуфт. Ӯ афзуд, ҳукумати Бритониё масъалаи сафарбар кардани артиш ва боз кардани дасти пулис дар чунин ошӯбҳо дар ояндаро баррасӣ мекунад: "Мо то замоне, ки ба ин хушунатҳои аҳмақона ва роҳзанӣ хотима надиҳем ва низому қонунро дар кӯчаҳои худ барқарор накунем, ором намегирем ва бознамеистем." Дейвид Кемерон гуфт, ҳукумат ба пулис салоҳиятҳои бештар дода ва ба онҳое, ки хонаву тиҷораташонро аз даст додаанд, ҷуброн хоҳад пардохт. Нахуствазири Бритониё қавл дод, ки масъулони ошӯбҳоро ба ҷавобгарии ҷиноӣ хоҳанд кашид. Ошӯбҳо дар Бритониё рӯзи шанбе ва баъди қатли як ҷавон аз тарафи пулис дар шаҳри Ландан бархост.
XS
SM
MD
LG