Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Суқути дигарбораи арзиши саҳом дар Аврупо


Шохис ва қиммати саҳом дар бозорҳои бурси Аврупо имрӯз баъди болоравии нисбӣ дигарбора шоҳиди суқут шуданд. Бими амиқрафти бӯҳрони евро ҳанӯз дар бозорҳои ҷаҳон ҳукмфармост. Бештар аз ҳама дирӯз арзиши саҳмияҳои бонкҳои Фаронса поин омад, зеро хатари таъсири бӯҳрони молии Юнон ба онҳо бештар аст. Рӯзи чаҳоршанбе қимати саҳмияҳои Сосасиете Ҷенерале, дуввумин бонки бузурги Фаронса 20 дар сад поин омад. Бонкҳои Фаронса мувофиқат кардаанд, то Юнон 15 миллиард еврои онҳоро бо таъхир бипардозад. Ҳукумати Фаронса сарусадоҳо доир ба онро ки, рутбаи эътибори иқтисодии ин кишварро мисли рутбаи эътибори Амрико поин мебаранд, рад кард. Ниҳодҳои эътиборсанҷ низ гуфтанд, рутбаит эътибори Фаронса бетағйир мемонад.
XS
SM
MD
LG