Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Б.Қодиров: “Ҳадаф ба даст овардани роҳхат ба Олимпиадаи Лондон аст”


Баҳодур Қодиров, гӯштигири ҷавони тоҷик, барандаи медали нуқраи нахустин бозиҳои тобистонаи олимпии наврасон дар Сингапур дар соли 2010
Баҳодур Қодиров, гӯштигири ҷавони тоҷик, барандаи медали нуқраи нахустин бозиҳои тобистонаи олимпии наврасон дар Сингапур дар соли 2010

Варзишгарони ҷавони тоҷик ахиран дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба гуштии озод миёни навҷавонон дар Тайланд чаҳор медал - як нишони тилло, як нуқра ва ду нишони биринҷӣ ба даст оварданд.

Баҳодур Қодирови душанбегӣ дар рақобатҳо дар вазни то 69 кило ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфт ва бо медали тилло сарфароз гашт.

Баҳодур бар ҳамсолони худ Турболд Санболд (Муғулистон), Динеш Кумар (Ҳиндустон) ва Муҳаммад Азимӣ (Эрон) пирӯз шуда, дар қувваозмоии ниҳоӣ Азамат Давлатбекови қазоқистониро шикаст дод.

Сӯҳбати хабарнигори "Озодӣ" Нарзуллоҳи Латиф бо Баҳодур Қодиров, қаҳрамони Осиё миёни навҷавонон ва барандаи медали нуқраи нахустин Олимпиадаи тобистонаи наврасон дар Сингапур, пешкаши шумо мешавад.

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:23 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG