Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шарти "дардноки" мухолифони давлати Арманистон


Намояндагони Ҷабҳаи миллии Арманистон дар муколама бо ҳукумати эътилофии кишвар хостори баргузории интихоботи зудраси раёсати ҷумҳур ва порлумон шудаанд. Ба гузориши бахши армании Радиои Озодӣ, намояндагони ин ҳизби мухолифи давлат бо шарҳи талаби худ дар як санади 87-саҳифагӣ аз ҷумла гуфтаанд, “ягона роҳи ислоҳи “низоми идории номашрӯъ, комилан ғайридемократӣ ва фосиди” Арманистон баргузории интихоботҳои зудрас аст. Интихоботи порлумонии соли 2008 дар Арманистонро нозирони байналмилалӣ олуда ба тақаллуб хондаанд. Дар Маҷлиси Милллии 131 нафарии Арманистон аксарияти вакилон, аз гурӯҳҳои вафодор ба раиси ҷумҳур Серж Саркиссиён иборатанд.
XS
SM
MD
LG