Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Уфти башиддати қимати саҳом дар бозорҳо


Рӯзи ҷумъа қимати саҳом дар бозорҳои ҷаҳон башиддат пойин рафт, ки мояи нигарониҳо аз эҳтимоли ногузир будани буҳрони навбатӣ шуда, раҳбарони калидии Аврупоро ба баҳси масъалаи буҳрони қарзи минтақаи евро ташвиқ кард. Иллати уфти қиматҳо нигарониҳо аз имкони дубора дучори пасрафт шудани иқтисоди Амрико ва густариши буҳрони қарзи минтақаи евро ба Италияву Испания аст.
Ба дунболи 500 нуқта пойин рафтани шохиси Dow Jones дар бозори Амрико, ки 4 августро ба бадтарин рӯз барои бозорҳои ин кишвар аз замони буҳрони соли 2008-ум табдил дод, қимати саҳом дар бозорҳои Аврупову Осиё низ пойин рафт.
XS
SM
MD
LG