Робин Ҷеремӣ Орд-Смит – сафири ҷадиди Бритониё дар Душанбе гуфтааст, ҷиҳати густариши равобити тиҷориву сармоягузорӣ байни ду кишвар ва пешбурди манофеъи сиёсии Бритониё дар Тоҷикистон аз худ дареғ нахоҳад дошт. Орд-Смит, ки дар мақоми сафорат Тревор Чарлз Мурро иваз хоҳад кард, аз моҳи марти соли оянда ба ифои вазифаи ҷадидаш хоҳад пардохт. Орд-Смит 22 сол собиқаи дипломатӣ дошта, то интисобаш ба сафорати Душанбе мудири департаменти тиҷорат ва сармоягузорӣ дар Ироқ буд.