Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Суханони Барак Обама дар рӯзи 50 солагиаш


Барак Обама
Барак Обама
Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико рӯзи чаҳоршанбе зимни суханонаш дар Чикаго дар маъракаи ҷамъоварии маблағ барои баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурии Амрико дар соли 2012 ҳалли мушкили маҳдудияти қарзи Амрико бо ҷумҳурихоҳон ва масоили дигари дувуним соли ҳокимияташро ёдоварӣ кард. Вай гуфт:

“Мо медонем, ки мо бояд дар бахши иқтисод корҳои зиёде анҷом диҳем. Ман умедворам, ки мо аз захми дигари худрӯй, ки мо дар давоми ду ҳафтаи ахир бо он дасту панҷа нарм мекардем, дигар гирифтор нахоҳем шуд, зеро мо дигар вақт надорем бо ин бозиҳои ҳизбӣ машғул шавем. Мо корҳои хеле зиёдро бояд анҷом диҳем”.

Дмитрий Медведев-раиси ҷумҳури Русия Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрикоро телефонӣ ба муносибати 50 солагии зодрӯзаш табрик кард. Обама ба нақша гирифтааст, ки маросими 50 солагии зодрӯзашро бо дӯстону аъзои хонаводааш дар Кохи Сафед ҷашн гиранд.
XS
SM
MD
LG