Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи ёрони Муборак дар Қоҳира аз сар гирифта шуд


Ҳабиб Адлӣ-вазири пешини корҳои дохилаи Миср
Ҳабиб Адлӣ-вазири пешини корҳои дохилаи Миср
Мурофиаи додгоҳии Ҳабиб Адлӣ-вазири пешини корҳои дохилаи Миср ва 6 нафари дигар аз мақомоти аршади полиси ин кишвар дар Қоҳира аз сар гирифта шуд. Як рӯз пеш дар Қоҳира мурофиаи додгоҳии таърихии Ҳуснӣ Муборак-раиси ҷумҳури барканоршудаи Миср дар Қоҳира шурӯъ шуда буд. Мубораку Адлӣ ва 6 мақоми дигар полис барои содир кардани фармони куштори садҳо нафар тазоҳуркунандагон дар моҳи феврали соли ҷорӣ муттаҳам дониста мешаванд. Агар онҳо муттаҳам шинохта шаванд, ба онҳо ҳукми қатл таҳдид мекунад. Мурофиаи додгоҳии Муъррак 15 август идома меёбад.
XS
SM
MD
LG