Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Густариши босуръати вируси HIV дар Қирғизистон


Созмони Милали Муттаҳид, мегӯяд, Қирғизистон дар сафи 25 кишвари ҷаҳон аст, ки бемории вируси норасоии масунияти бадан дар онҳо босуръат доман мезанад. Ба гузориши бахши қирғизии Радиои Озодӣ, Лариса Башмакова, намояндаи Барномаи рушди Созмони Милал дар шаҳри Бишкек гуфтааст, яке аз омилҳои аслии ин густариш, бехабарии ҷавонони қирғиз доир ба вируси норасоии масунияти бадан аст. Коршиносони Созмони Милал дар як пажӯҳише дарёфтаанд, ки 70 дар сади ҷавонони Қирғизистон доир ба ин беморӣ чизе намедонанд ва ё маълумоте бисёр кам доранд.
XS
SM
MD
LG