Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумо ин ҷавонро мешиносед?


Видеои латукӯби шудани ин ҷавон дар Русия ҳамоно дар Фейсбук мавриди баҳс аст, аммо то ҳанӯз ҳувияти ӯ шиносоӣ нашудааст.

Биноан аз ҳамаи хонандагони арҷманд хоҳиш мекунем, агар ӯро шинохтаанд ё дар борааш чизе медонанд, тавассути телефонҳои (+992) 985 638 356 ё (+420) 725 037 943 ва ё бо почтаи электронии Tajik@rferl.org ё Tajikweb@rferl.org ба мо хабар диҳанд.

Ҳамчунин метавонед, дар Фейсбуки Радиои Озодӣ ва ё сафҳаи махсуси мо дар Твиттер дар ин бора паём диҳед.

Мақомоти давлати Тоҷикистон низ мегӯянд, дар ҷустуҷӯи ӯянд. Сафири Тоҷикистон дар Русия Абдулмаҷид Достиев ба Радиои Озодӣ гуфт, нусхаи ин навор ба Вазорати умури дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон фиристода шуд, то ҳувияти ҷавон муайян гардад.

Аммо ин ҷустуҷӯҳо то ҳоло натиҷа надодаанд. Ба эҳтимоли қавӣ муҷозоти зӯроварон танҳо дар ҳоле мумкин хоҳад буд, ки ҳувияти ҷавон мушаххас шавад ва худи ӯ тафсилоти воқеаро мунташир намояд.

Дар видео дида мешавад, ки муҳоҷир забони русиро намедонад ва ҳангоми ҳадафи зарбаҳои ваҳшиёнаи ҷавонакҳои рус қарор гирифтанаш, аз онҳо хоҳиш мекунад, бераҳмӣ накунанд, зеро ҳамаи инсонҳо бародари ҳаманд. Вале русҳо бо кароҳат ӯро ҳушдор медиҳанд, ки ба онҳо даст нарасонад ва агар худашро ба рӯдхона напартояд, ӯро хоҳанд кушт.

Дар оғози навор яке аз нажодпарастон, ки худро “натсионал-сотсиалистҳои рус” меноманд, бо санги калоне ба сари тоҷик, ки рӯйи алафҳо афтодааст, мезанад ва фиғони муҳоҷир баланд мешавад. Танҳо пайдо шудани афроде дар наздикии ҷои воқеа тоҷик сабаб мешавад, ки муҳоҷир онҳоро ба кӯмак хоста, фирор кунад.
XS
SM
MD
LG