Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тадбирҳои шаҳрдорӣ барои бозорҳо дар моҳи Рамазон


Дирӯз дар ҷаласаи шаҳрдории Душанбе, ки бо ширкати тоҷирону соҳибкорони пешрав ва имомхатибони масоҷиди ҷомеъ ва панҷвақтаи пойтахт баргузор шуд, вазъи бозорҳои шаҳр ва нархҳо дар бозор дар моҳи рамазон баррасӣ шуд. Дар ҷаласа раҳбарони бозорҳои шаҳрӣ низ ҳузур доштанд. Шавкат Саидов-сухангӯи шаҳрдорӣ гуфт, дар моҳи рамазон ҳар рӯз дар ҳар бозори бузурги шаҳр аз роҳи “Тоҷикматлубот” як тонна гӯшти гов ва як тонна гӯшти гӯсфанд бо нархҳои 22 ва 23 сомонӣ ба фурӯш бароварда мешавад. Вай афзуд:

“Дар ин радиф раҳбарони бозорҳои коммуналӣ ҳамарӯза 10 кг, “Панҷшер”, “Корвон” ва “Ганҷина” ҳар кадоме 30 кг ва дигар бозорҳои хусусӣ ҳар кадоме ҳар рӯз 5 кг гӯшти хушсифати говро табқи рӯйхати шаҳрдорӣ ба оилаҳои камбизоат бояд ройгон дастрас намоянд”.

Ҳамчунин кумиссиюнҳои вижа аз ҳисоби намояндагони Маҷлиси шаҳрӣ вазъи бозор ва воридоти фаровардаҳои кишоварзӣ ба бозорҳои шаҳрро зери назар хоҳанд гирифт.
XS
SM
MD
LG