Дар Маҷлиси Намояндагон, ки аксариятро дар он ҷумҳурихоҳон ташкил медиҳанд, ба тарафдории қонуни мазкур 269 нафар раъйи мувофиқ ва 161 нафар раъйи мухолиф доданд.
Аксарияти мухолифони қонун ҳам аз Ҳизби Демократи Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико буданд. Бар асоси санади мазкур ҳукумати Амрико метавонад, барои пардохти ҳисобҳояш 2,4 триллион доллари дигар қарз бигирад, вале дар иваз бояд то даҳ соли дигар хароҷоти буҷаи кишварро 2,1 триллион доллар кам кунад.
Раъйгирӣ дар мавриди ин қонун дар сенати Амрико, ки дар дасти демократҳост, имрӯз баргузор мешавад. Бозорҳои молии ҷаҳон бо асабоният ба Конгресси Амрико нигоҳ мекарданд, ки оё сари тарҳи мазкур ба мувофиқа хоҳад расид ва ё хайр.
Дар сурати қабул нашудани ин қонун то рӯзи 2-юми август, ҳукумати Амрико пули кофӣ барои пардохти ҳисобҳояш намеёфт, ки ин метавонист, сабаби варшикастагии бузургтарин иқтисоди ҷаҳон шавад ва дар пай, иқтисоди ҷаҳонро низ ба ларза дароварад.
Баҳсу кашмакашҳои тӯлонӣ доир ба қонуни мазкур ба навиштаи хабаргузории "Ройтерз", ба обрӯи сиёсатмадорони амрикоӣ дар назди мардум ва обрӯи Амрико дар хориҷ аз кишвар латма зад. Бо вуҷуди тасвиб шудани қонун, ҳанӯз ин нигаронӣ вуҷуд дорад, ки ниҳодҳои молии нозир метавонанд, нишондиҳандаҳои эътимоди иқтисодӣ ба Амрикоро поён баранд, ки ин сабаби кунд шудани эҳёи заифи иқтисодии Иёлоти Муттаҳида ва тарси сармоягузорон хоҳад шуд.
Тасвиби қонун дар бораи боло бурдани ҳадди қарзи ҳукумати Амрико ҳосили талошҳову музокироти тӯлонии Барак Обама бо раҳбарони Ҳизби Ҷумҳурихоҳ буд, ки сарсахтона ба ин қонун мухолифат мекарданд ва мегуфтанд, ҳукумат бояд хароҷоти буҷаро башиддат кам кунад.
Аммо ба гуфтаи демократҳо, коҳиши якбораи хароҷоти буҷа дар ин даврони барои иқтисоди Амрико муҳим метавонад, дигарбора иқтисоди Иёлоти Муттаҳидаро дучори рукуд кунад.
Ҳоло бар асоси барномаи тавофуқшуда, як кумитаи махсуси Конгресс масъалаи коҳиши хароҷоти буҷаи Амрикоро то даҳ соли ояндаро баррасӣ карда ва тавсияҳои худро дар ин замина ба ҳукумат пешниҳод хоҳад кард.
Тасвиби қонун
дар бораи боло бурдани ҳадди қарзи ҳукумати Амрико ҳосили талошҳову музокироти тӯлонии Барак Обама бо раҳбарони Ҳизби Ҷумҳурихоҳ буд, ки сарсахтона ба ин қонун мухолифат мекарданд...