Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ёдбуди қурбониёни террор дар парлумони Норвегия


Маросими ҷанозаи яке аз қурбониён Бано Абубакр Рашид
Маросими ҷанозаи яке аз қурбониён Бано Абубакр Рашид
Имрӯз дар парлумони Норвегия маросими вижаи ёдбуди қурбониёни ҳамлаҳои террористии рӯзи 22 июл баргузор шуд. Бар асари таркиш дар шаҳри Осло ва тирандозӣ дар ҷазираи Утойя 77 нафар ба ҳалокат расиданд.

Раиси парлумон ному насаби ҳама кушташудагонро қироат кард.

Дар маросим пайвандони қурбониён, аъзои ҳукумат, шоҳ Ҳаралд ва шоҳзода Хокон ширкат доштанд.

Дар ҳамин ҳол полиси Осло хабар дод, ки барои тафтиши ҳамлаҳои террористии рӯзи 22 июл дар Норвегия раёсати махсусро таъсис мекунад.

Ба гуфтаи додситон Паал-Фредрик Хёберт Крабӣ, ки раҳбарии тафтишоти ҳамлаҳои террористиро бар ӯҳда дорад, тафсилот дар бораи сохтори нав дар идораи полис ба зудӣ эълон хоҳад шуд.

Имрӯз дар Норвегия маросими ҷанозаи чанд тан аз қурбониёни ҳамлаҳои террористии рӯзи 22 июл баргузор гардид.
XS
SM
MD
LG