Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 11 нафар дар Шинҷон-Уйғури Чин


Майдони марказии Қошғар(аз бойгонӣ)
Майдони марказии Қошғар(аз бойгонӣ)
Хабаргузории чиноии Синхуа дар бораи ҳалокати дастикам 11 нафар дар хушунатҳое хабар дод, ки аз дирӯз вилояти Шинҷон-Уйғурро дар ғарби Чин фаро гирифтаанд. Синхуа мегӯяд, пулис имрӯз дар шаҳри Қошғар 4 нафари гумонбар дар ин ҳамалотро ба ҳалокат расонд ва ҷустуҷӯи 4 гумонбари дигар ҳанӯз идома дорад. Бино ба хабари Синхуа, рӯзи шанбе 2 мард бо зарби корд ронандаи як мошини борбарро кушта, мошини ӯро рабуданд. Баъди онки бо ин мошин як раҳгузарро зер карданд, ба шоҳидони ҳодиса ҳамла меоранд. Дар натиҷа дастикам 7 нафар кушта ва 11 тан захмӣ шудаанд.
XS
SM
MD
LG