Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рамазон дар аксари кишварҳо 1 август оғоз мешавад


Аксари кишварҳои мусалмонӣ, бо шумули Арабистони Саудӣ ва Тоҷикистон, аз 1 август вориди моҳи шарифи Рамазон мешаванд. Дар ин моҳ барои мусалмонон доштани рӯза аз субҳ то расидани шом фарз шудааст. Додгоҳи салтанатии Саудия эълон кард, ки имрӯз охирин рӯзи моҳи Шаъбон буда, рӯзи душанбе Рамазон фаро хоҳад расид. Дар Урдуну Миср, Кувайту Имороти Араб, Сурияву Баҳрайн, Қатару Яман ва сарзаминҳои фаластинӣ низ аз рӯзи душанбе ба гирифтани рӯза шурӯъ мекунанд. Ин дар ҳолест, ки дар солҳои гузашта байни кишварҳои мусалмонӣ дар таъйини оғози моҳи Рамазон сӯъитафоҳум зиёд мушоҳида мешуд ва агар сунниҳо бештар ба тасмими Саудия нигоҳ мекарданд, нигоҳи шиъаҳо ба рӯи Эрон буд, ки оғози ин моҳро аз кадом рӯз ҳисоб хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG