Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Либия ёрони генерал Юнус ҳам кушта шудаанд


Абдулфаттоҳ Юнус-фармондеҳи нируҳои шӯришии Либия
Абдулфаттоҳ Юнус-фармондеҳи нируҳои шӯришии Либия
Раҳбари шӯришиёни Либия гуфтааст, Абдулфаттоҳ Юнус-фармондеҳи нируҳои шӯришиёни Либия ва ду нафар аз ёронаш шоми рӯзи ҷумъа ба дасти мардони мусаллаҳ ба қатл расидаанд. Куштори Абдулфаттоҳ Юнусро дар Бенғозӣ-маркази шӯришиён Мустафо Абдулҷалил -раҳбари Шӯрои Миллии Гузори Либия дар як нишасти хабарӣ эълон кард:

“Мо бо таассуф хабари марги Абдулфаттоҳ Юнус-раиси ситоди умумии артиши шӯришиёнро эълон мекунем. Ҳамкори вай сарҳанг Муҳаммад Хамис ва капитан Носир Нафкот ҳам кушта шудаанд”.

Вай ба хабарнигорон гуфт, раҳбари гурӯҳе, ки дар паси ин куштор қарор дорад, ба ҳабс гирифта шудааст. Сабаби дақиқи ин куштор то ҳол рӯшан нашудааст. Абдулфаттоҳ Юнус вазири пешини корҳои дохилаи кобинаи Муаммар Қаззофӣ буд, ки моҳи феврал дар оғози муборизаҳои зидди режими Қаззофӣ ба шӯришиён пайваст.
XS
SM
MD
LG