Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи афроди ношинос ба як пойгоҳи низомии Яман


Мақомоти Яман дар бораи ҳамлаи мусаллаҳона ба як пойгоҳи низомии воқеъ дар 40-километрии шимолу шарқи пойтахт – шаҳри Санъо хабар доданд.

Ба гуфтаи низомиён, дар тирандозӣ аз ҳарду ҷониб даҳҳо нафари куштаву маҷрӯҳ шуданд.

Мақомот масъулияти ҳамларо ба гурӯҳи мусаллаҳи Мансур-ал-Хонақо гузоштанд, ки қаблан узви як ҳизби мухолифи ҳукумат буд.

Дар ҳамин ҳол дар ҷануби Яман, дар шаҳри Таиз, дирӯз бархӯрдҳо миёни кормандони полис ва гурӯҳи сокинони маҳаллӣ, ки хостори истеъфои раисиҷумҳур Алӣ Абдулло Солеҳанд, аз сар гирифта шуданд.
XS
SM
MD
LG