Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷустуҷӯи аҷсод дар Утоея анҷом ёфтааст


Пулиси Норвегия имрӯз ҷустуҷӯи аҷсоди қурбониёни ҳамлаи рӯзи 22 июл дар ҷазираи Утоеяро анҷом дод. Тирандозии як ифротии зиддиисломӣ дар урдугоҳи ҷавонони тарафдори ҳизби ҳокими коргарии Норвегия 68 кушта ба ҷо гузошта буд. Андерс Брейвики 32-сола масъулияти таркиши ҳамон рӯз дар Ослоро, ки мунҷар ба ҳалокати 8 тани дигар шуд, низ бар ӯҳда гирифтааст.Пулиси Норвегия мехоҳад имрӯз ӯро дигарбора бозпурсӣ кунад.
XS
SM
MD
LG