Бино ба хабарҳо, имрӯз дар Могадишу, пойтахти кишвари африқоии Сомалӣ, байни чирикиҳои исломӣ ва нирӯҳои давлатӣ, ки таҳти ҳимояти нирӯҳои Иттиҳоди давлатҳои Африқо қарор доранд, даргириҳои сангин сурат гирифтаанд. Ин набардҳо ҳамагӣ як рӯз баъд аз шурӯъи интиқоли кумакҳои изтирории Барномаи ғизои СММ ба Могадишу оғоз ёфт. Сомалӣ ба бадтарин хушксолӣ дар 60 соли охир дучор шуда, тақрибан 10 миллион нафар, ё нисфи ҷамъияташ ба кумак ниёз доранд. Аммо чирикиҳои гурӯҳи Ал-Шабоб бисёре аз созмонҳои имдодиро аз таҳвил ва тавзеъи кумакҳо ба манотиқи таҳти назорати онҳо дар ҷануби Сомалӣ манъ кардаанд.