Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талоши СММ барои наҷоти Сомалӣ аз гуруснагӣ


Барномаи ҷаҳонии озуқаи СММ ба интиқоли маводи озуқа ба Могадишо, пойтахти Сомалӣ, аз тариқи ҳавопаймоҳо шурӯъ кард.

Бар пояи арзёбии Созмони Милал, тақрибан 12 миллион сокинони Сомалӣ ва кишварҳои ҳамсояи он баъд аз хушсолии бесобиқа дар чан даҳсолаи ахир ба хатари гуруснагӣ мувоҷеҳ шудаанд.

Ҳавопаймои аввал аз Кения ба Сомалӣ даҳ тонна маводи озуқа бурд. Қарор аст, ки дар маҷмӯъ ба ин кишвар 100 тона маводи хурокворӣ интиқол ёбад, ки барои тайи як моҳ бо ғизо таъмин намудани 35 ҳазор кудак кофист.
XS
SM
MD
LG