Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати раҳбари "Ал-Қоида" аз мӯътаризони суриягӣ


Аймон Аз-Завоҳирӣ
Аймон Аз-Завоҳирӣ
Раҳбари шабакаи "Ал-Қоида" Аймон Аз-Завоҳирӣ дар як навори видеоӣ аз эътирозгарони суриягӣ даъват кард, ки эътирози худро алайҳи Исроил ва Амрико равона кунанд.

Ба навиштаи хабаргузориҳо, навор моҳи июн баъди соҳиби мақоми раҳбари "Ал-Қоида" шудани Аз-Завоҳирӣ бардошта шудааст.

Раҳбари пешини ин шабака Усома бин Лодин моҳи май бар асари як амалиёти вижаи нерӯҳои амрикоӣ дар Покистон кушта шуд.

Гуфта мешавад, дар намоишҳои эътирозӣ алайҳи ҳукумати Сурия, ки чаҳор моҳ боз идома меёбанд, Ал-Қоида ҳам даст дорад.
XS
SM
MD
LG