Шокир Мамадов-имоми шаҳри Ӯши Қирғизистон таълими кӯдакон дар мадрасаҳо ва иқомат дар мадрасаҳоро мамнуъ эълон кард. Имомшокир ин тасмими худро имрӯз дар иҷлоси шаҳрдорӣ изҳор дошт. Вай гуфт, баъзе кӯдакон ба ҷои он, ки дар мактабҳои ҳамагонӣ таълим гиранд, ба масоҷид мераванд. Мақомоти расмӣ мегӯянд, дар натиҷаи тафтиш маълум шудааст, ки 11 кӯдак ҳар рӯз ба ҷои он, ки ба мактаб раванд, мунтазам ба масҷид мерафтаанд. Дар шаҳри Ӯши Қирғизистон ба таври расмӣ 51 масҷид сабти ном шудааст.