Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тадобири амниятӣ дар Норвегия бозбинӣ мешавад


Ҷенс Столтенберг
Ҷенс Столтенберг
Ҷенс Столтенберг-нахуствазири Норвегия имрӯз гуфт, ки кишвараш вокуниши полис ба ҳамлаи террористӣ ва тадобири амниятиро баъд аз хатми рӯзҳои мотам баррасӣ хоҳад кард. Дар ду ҳамлаи террористӣ рӯзи ҷумъа 76 нафар кушта шуданд. Столтенберг аз мунозираҳо дар бораи амният истиқбол кард ва гуфт, чунин мунозираҳо таваҷҷуҳи мардуми кишвараш ба фаъолиятҳои сисёсиро боло мебарад. Нахуствазир ҳамчунин ба хабарнигорон гуфт, мардуми Норвегия аз худ дифоъ хоҳанд кард ва бад-ин тартиб нишон хоҳанд дод, ки аз хушунат ҳарос надоранд ва натиҷаи он “демократияи бештар ва бозгӯии бештар” хоҳад буд. Рӯзи сешанбе полис як махфигоҳи маводи мунфаҷираро дар як воҳиди кишоварзӣ пайдо кард, ки онро Андерс Беринг Брейвик иҷора гирифта буд. Вайро дар ин кушторҳо муттаҳам медонанд.
XS
SM
MD
LG