Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳимояти вазири адлияи Норвегия аз вокуниши полис дар ҳодисаи куштори ҷавонон


Вазири адлияи Норвегия Кнут Сторбергет имрӯз дар посух ба интиқодҳо аз вокуниши заъифи нирӯҳои полис ба ҳодисаи куштори фоҷеабори 76 нафар дар қароргоҳи тобистонаи берунишаҳрӣ аз кори полис чун “фавқулодда олӣ” ситоиш кард. Матбуоти Норвегия баъд ҳодисаи куштори мардуми зиёд дар ҷазираи Утоя рӯзи 22 июл аз ҷониби Андерс Бейринг Брейвик полисро интиқод кард, ки танҳо баъди як соат ба ҷои ҳодиса ҳозир шуд. Вазир ҳамчунин гуфт, ки иттиҳомоти марбут ба нодида гирифтани таҳдидҳои кушторро, ки аз ҷониби қотили муттаҳам аз пеш пахш шуд, қабул надорад.
XS
SM
MD
LG