Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шӯришиёни курд 3 сарбози артиши Туркияро куштанд


Нируҳои Туркия
Нируҳои Туркия
Туркия мегӯяд, шӯришиёни курд рӯзи шанбе дар тирандозие аз камин се сарбози артишро ба қатл расондаанд. Нируҳои амниятӣ, ки нахостанд аз онҳо ном бурда шавад, гуфтаанд, ки ин ҳодиса дар вилояти Мардин дар ҷануби шарқи Туркия рух додааст. Ҳафтаҳои ахир миёни воҳидҳои артиши Туркия ва шӯришиёни курд дар ин минтақа задухӯрд ба амал омадааст. Мақомоти ин кишвар мегӯянд, ки шӯришиён бо Ҳизби Коргари Курдистон ё Пи Кей Кей иртибот доштаанд. Ин ҳизб моҳи феврал оташбасро ботил эълон кард.
XS
SM
MD
LG