Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбакистон нархи газро 19 % боло бурдааст


Узбакистон дар семоҳаи севвуми соли ҷорӣ нархи гази содиротии худ ба Тоҷикистонро 19 дарсад боло бурдааст. Дар ин бора Саидаҳмад Шарофуддинов-раиси ширкати “Тоҷиктрансгаз” ба рӯзноманигорон хабар дод. Ба гуфтаи вай, ҳоло нархи ҳар ҳазор метри муккааб газ 284,33 долларро ташкил медиҳад ва ин нарх то охири моҳи сентябр боқӣ мемонад. Дар семоҳаи аввал ин нарх 228 доллар ва дар семоҳаи дуввум 239 долларро ташкил медод.
XS
SM
MD
LG