Вазири умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида, Ҳилларӣ Клинтон, аз Миянмар даъват кард, маҳбусони сиёсиро озод ва ба нигарониҳои адами густариши силоҳи ҳастаӣ расидагӣ кунад ва ҳамчунин муколамаро бо раҳбари тарафдори демократия Аунг Сан Су Чӣ оғоз намояд. Клинтон гуфт, саркашии Миянмар ваҳдати кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқиро зери суол мебарад. Дар паёмаш дар Анҷумани кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ (АСЕАН) дар Болӣ, Клинтон гуфт, ба дунболи тиҷоратҳои ҳастаии байни Миянмар ва Кореяи Шимолӣ нигарониҳо бештар шудаанд. Вай аз кишварҳои АСЕНА хост, Миянмарро ба ислоҳот водор намоянд.