Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гӯри Рудолф Ҳесс дар Олмон тахриб шуд


Рудолф Ҳесс дар соли 1935
Рудолф Ҳесс дар соли 1935
Гӯри Рудолф Ҳесс-муовини Ҳитлерро дар Олмон хароб карданд, то минбаъд маҳали зиёрати нозиҳои нав набошад. Устухонҳои вайро бомдодон аз қабраш дар Вуншейдел берун оварданд ва оташ заданд. Хокистарашро дар баҳр пошиданд. Ҳесс соли 1941 баъд аз парвоз дар Британия боздошт шуд ва дар додгоҳи Нюрнберг дар соли 1946 ба ҳабси абад маҳкум шуд. Соли 1987 дар 93 солагӣ ҷасадашро дар ҳуҷраи зиндони Берлин дар ҳоле пайдо карданд, ки овехта шуда буд.
XS
SM
MD
LG